Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев дар "Фейсбук" навишт, ки нақшаҳои ҳукумат дар робита ба ширкати мобилии "Альфа Телеком"-и ин кишвар иваз нашудаанд.
Ӯ тасдиқ кард, ки ин ширкат дар фурӯш гузошта шудааст. Ба гуфтаи Султонбоева, Бонки давлатии рушди Қирғизистон мехоҳад онро бихарад.
"Бо ин роҳ ширкат дар ихтиёри давлат боқӣ монда, дар рушди иқтисоди кишвар саҳм хоҳад гузошт. Ҳамчунин иваз шудани молики ширкат боиси беҳтар шудани сифати хидматрасонӣ хоҳад шуд",-навиштааст ӯ.
Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон ахиран хабар дод, ки ширкати мобилии "Альфа Телеком"-и ин кишварро, ки таҳти тамғаи "MEGA" фаъолият мекунад, тариқи музояда ба фурӯш гузоштааст.
Тибқи иттилои сомонаи бунёд, арзиши ширкат 14,6 млрд сом (ҳудуди 167 млн 220 ҳазор доллар) таъйин шудааст.