Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории хатти марзи ду кишвар 4 июл дар Бодканд оғоз шудааст.
Намояндаи махсуси Девони вазирони Қирғизистон дар умури марзӣ Назирбек Борубоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷаласа то 9 июл идома мекунад.
"Масъалаҳои марзӣ зуд ҳал намешаванд. Мо баҳс мекунем ва сипас ба созиш мерасем. Минтақаҳои хеле душвор боқӣ мондааст. Бинобар ин, ба ҳамдигар далелҳои худро пешниҳод мекунем ва бар асоси онҳо, ба созиш мерасем", - гуфтааст ӯ.
Ҷаласаи ахири гуруҳҳои кории ду кишвар рӯзҳои 5-11 июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 600 километри он таъйину нишонагузорӣ шудааст.
Азбаски зиёда аз 300 километри он бе аломату баҳсбарангез аст, байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқишаҳои хунин сар задааст.