Муҳоҷирон мегӯянд, амалиёти боздошти онҳо идома дорад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чанд рӯз инҷониб муҳоҷирон дар Русия аз дигарбора авҷ гирифтани амалиёти пулис дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург шикоят доранд. Боздошти муҳоҷирон дар кӯчаву қаҳвахонаҳо ва маҳалли корашон сурат мегирад. Ба гуфтаи онҳо ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо маъмурони пулис бо муҳоҷирон бадрафторӣ мекунанд.