Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон ширкати мобилии "Альфа Телеком"-и ин кишварро тариқи музояда ба фурӯш гузоштааст.
Тибқи иттилои сомонаи бунёд, арзиши ширкат 14,6 млрд. сом (ҳудуди 167 млн. 220 ҳазор доллар) таъйин шудааст.
Довталабони иштирок дар озмун бояд даҳ дарсади ин маблағро пешпардохт кунанд.
"Альфа Телеком"-и Қирғизистон дар ҳоли ҳозир беш аз 2,5 миллион муштарӣ дорад.
Қаблан вазири эқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Дониёр Амангелдиев гуфта буд, ки "Альфа Телеком"-ро мумкин аст, ба ихтиёри Бонки давлатии рушд супоранд.
Моҳи июли соли 2021 Бунёди идораи амволи давлатӣ гуфта буд, Бонки миллии Қирғизистон мехоҳад, ширкати "Мега"-ро харидорӣ кунад. Вале дертар Бонки миллӣ гуфт, нияти харидани ширкатро надорад.