Дар Дума гуфтанд, феълан барои басеҷи нав "ниёз нест"

Раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Картаполов гуфтааст, баъди рафтани ҷанговарони ширкати муздурии "Вагнер" аз минтақаҳои даргири Украина, "дар ҳоли ҳозир ва ояндаи наздик" ба басеҷи нав ниёз нест.

Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС афзудааст, "дар захира одамоне ҳастанд, ки муздурони "Вагнер"-ро иваз кунанд". Қаблан дар Думаи давлатӣ гуфта буданд, ки муздурони "Вагнер" дар ҷанги зидди Украина дигар иштирок намекунанд.

Президенти Русия Владимир Путин 13 июни имсол дар суҳбат бо блогерон, муаллифони каналҳои телеграмӣ ва хабарнигорони низомии расонаҳои он кишвар гуфта буд, ки зарурати басеҷи нав аз ҳадаф вобаста аст. "Нерӯҳои мо дар наздикии Киев буданд ва ба он ҷо баргаштан лозим аст ё не?", - суол гузошт Путин.

Президенти Русия баъди ошӯби мусаллаҳонаи раҳбари "Вагнер" Евгений Пригожин ба муздурони ин ширкат пешниҳод кард, ки бо Вазорати дифои ин кишвар қарордод банданд, ё ба назди хонаводаҳои худ баргарданд ва ё ба Белорус раванд. Бино ба хабарҳо, дар Белорус барои "вагнериҳо" урдугоҳ месозанд.