Ҷиноятҳои эҳтимолии Русияро дар Украина таҳқиқ мекунанд

Дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд, дафтари як муассисаеро боз карданд, ки қарор аст, ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангии Русия дар Украинаро таҳқиқ кунад. Таъсиси Маркази Байналмилалии Ҷиноятҳои Таҷовуз дар рӯзи 3-уми июл нахустин қадам барои муҳокимаи байналмилалии раҳбарони Русия барои ҷанг дар Украина дониста мешавад. Марказ гуруҳе аз додситонҳои Украина, Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Додгоҳи Байналмилалии ҷурму ҷиноятро гирд овардааст.

Баъди қатлу куштор дар шаҳракаи Буча дар соли 2022 ва тарки онҷо кардани неруҳои Русия, Украина хостори муҳокимаи раҳбарони Русия барои ҷиноятҳои ҷангӣ шуд.