Аз роҳи Тоҷикистон ба Афғонистон 100 тонна маводи ғизоӣ фиристоданд

Акс аз бойгонӣ.

Як муассисаи имдодии Созмони милали муттаҳид мегӯяд, ки моҳи май аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистони муҳтоҷ ба кумакҳои башарӣ, бештар аз 100 тонна маводи ғизоӣ фиристодааст.

Барномаи озуқавории Созмони милал дар хабарномаи моҳонаи худ, ки ба тозагӣ нашр шуд, гуфтааст, ҳамчунин дар моҳи май ин созмон 50 тонна маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон захира кард, ки қарор аст, дар оянда ба мардуми ниёзманди Афғонистон тақсим карда шавад.

Тоҷикистон ҳукумати Толибонро, ки ду сол пеш сари қудрат омад, ба расмият намешиносад, вале ба созмонҳои хайрия иҷоза додааст, барномаҳои имдодиашон барои Афғонистонро аз қаламрави Тоҷикистон ҳам амалӣ кунад.

Баъди ба сари қудрат омадани Толибон, теъдоди мардуми муҳтоҷу қашшоқ дар Афғонистон ба маротиб зиёдтар шудааст.