Фаъоли маданӣ аз шаҳри Алмато Алнур Иляшев хабар дод, ки додгоҳи шаҳрӣ шикояти ӯ зидди мушовири давлатии Қазоқистон Ерлан Каринро қабул кардааст.
Иляшев аз додгоҳ хоста, ки комиссияи давлатӣ ба раҳбарии Карин барои сафедкунии қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва Вазорати илму таҳсилоти олии Қазоқистонро вазифадор кунад, то маҳбусони сиёсии кунунӣ ва садҳо нафареро, ки баъди соли 1993 дар ин кишвар таъқиби сиёсӣ шудаанд, сафед кунанд.
"Агар мушовири давлатӣ ва комиссияи давлатӣ ин корро ихтиёран накунанд, пас маҷбурем, онҳоро аз тариқи додгоҳ водор бисозем", - навиштааст фаъоли маданӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.
Вазорати илму таҳсилоти олии Қазоқистон ва Ерлан Карин то ҳол шикояти Алнур Иляшевро шарҳ надодаанд.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ҳеч кас дар ин кишвар таъқиби сиёсӣ нашудааст ва ҳамчунин маҳбуси сиёсӣ низ нест.