Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, хост, ки мардуми кишвараш аз омадани зархаридони ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" нигарон набошанд.
Акси моҳвораӣ пайдо шудани зиёда аз 300 хаймаро дар шарқи Беларус, дар наздикии деҳаи Тсел, нишон медиҳад. Ҷое, ки ба тахмини бахши беларусии Радиои Озодӣ, тақрибан 15 ҳазор нерӯ мебарад.
Лукашенко рӯзи 30-юми июн ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи истиқлоли Беларус хитоб ба мардум гуфт, ки ором бошанд.
Зархаридони “Вагнер”, ки дар ҷанги Русия дар Украина муҳим ба шумор мерафтанд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд.
Евгений Пригожин, мудири ширкати "Вагнер", гуфт, ҳадафи онҳо барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.
Ӯ дертар бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт. Минск ба ҷангҷӯёни “Вагнер” ҳам паноҳгоҳ пешниҳод кардааст.
Владимир Зеленский, президенти Украина, баъд аз машварат бо мақомоти амниятӣ рӯзи 30-юми июн дастур дод, ки назоратро дар сарҳад бо Беларус тақвият бахшанд.