Додгоҳи вилояти Қизилорда дар Қазоқистон Гулмира Сотиболдӣ, ҳамсари пешини Кайрат Сотиболдиро 8 сол зиндонӣ кард.
Кайрат Сотиболдӣ хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст.
Гулмира Сотиболдиро ба "азхудкунӣ ва харҷи молу мулки ғайр" гунаҳкор кардаанд.
Муфаттишон мегӯянд, Гулмира Сотиболдӣ аз соли 2018 то 2020 тендерҳои давлатиро соҳиб шуда, дар асл фармоишро иҷро накардааст. Ба ин тартиб, вай миллионҳо доллар даромад гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки дар аввали моҳи майи имсол додгоҳе дар Қазоқистон Гулмира Сотиболдиро ба гуноҳи одамрабоӣ ба 7 сол зиндон маҳкум карда буд.