Барои "сарбозшикор" дар Тоҷикистон 11 нафарро ба ҷавобгарӣ кашидаанд

Донишгоҳи тиббӣ, моҳи майи имсол. Дар навори фиристодаи корбарон баъзе аз донишҷӯён дар ҳоли фирор тасвир ёфтаанд

Дар робита ба сарбозшикор ё даъвати маҷбурии ҷавонон ба артиш, 11 касро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, бар зидди ин афрод соли гузашта додситонии ҳарбӣ парванда кушодааст, аммо натиҷаашро нагуфтанд. Ба иттилои манбаъ, ин 11 нафар мансабдорон аз ноҳияҳои Восеъ, Шаҳристон, Ҳисор, Кӯшониён, Рашт, Шоҳмансур, Ишкошим, Кӯлоб ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон буданд. Аз инҳо 9 нафараш корманди комиссариат, як пулис ва як муовини раиси ҷамоат будаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар гузориши ахираш намунае аз сарбозшикорро овардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, соли гузашта корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ ҳамроҳ бо як пулис ва муовини раиси ҷамоат, ҷавонеро худсарона "облава" карда, ба ӯ зарари ҷисмонӣ расондаанд. Омбудсмен гуфтааст, алайҳи ин афрод барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парванда боз шуда, ба додгоҳ фиристода шуд. Аммо дар гузориши Ваколатдор наомадааст, ки ин нафарон чӣ ҷазо гирифтанд.

Ҳуқуқшиносони Омбудсмен гуфтаанд, ҳозир кардани ҷавоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунад танҳо салоҳияти пулис аст ва кормандони комиссариати ҳарбӣ чунин иҷозаро надоранд.

Тақрибан дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон ба артиш шикоятҳо аз “облава” расонаӣ мешавад, аммо мақомот хеле кам ҷой доштани ин гуна ҳолатҳоро эътироф мекунанд. Мақомот баръакс аз афзоиши теъдоди хоҳишмандон барои хизмат дар артиш хабар медиҳанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, барои аз байн бурдани сарбозшикор, “ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандон баланд бардошта шуда”, таълими омодагии ҳарбӣ дар мактабҳо бештар шавад. Ин ниҳод ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки “масъулияти волидоне, ки фарзандони синни даъватии худро пинҳон мекунанд ё мегурезонанд, баланд бардошта шавад.”

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, барои онки ҷавонон аз артиш фирор накунанд, “дедовшина” аз байн бурда шавад ва шароити хизмати сарбозонро беҳтар кунанд.