Озод Бозорқулов, мудири пешини ширкати "Алфа Телеком" дар Қирғизистон, ки тамғаи тиҷоратиаш "MegaCom" аст, то 9 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Дар ин бора рӯзи 27 июн Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарор содир кардааст.
Бозорқуловро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо гумони "Сӯистифодаи мақом аз сӯи ходимони муассисаҳои тиҷоратӣ" боздошт кард. Ба иттилои мақомоти он кишвар, масъулони ширкати "Алфа телеком" "бо ташкили тавтиа дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хусусӣ, шароитеро фароҳам овардаанд, ки дар тендерҳо ширкатҳои мушаххас пирӯз шаванд.
Боздоштшуда ва наздиконаш айби эъломкардаи мақомотро шарҳ надодаанд.
Бозорқулов ширкати давлатии "Мегаком"-и Қирғизистонро аз соли 2012 то 2018 ва аз соли 2021 то 2022 роҳбарӣ кардааст.