"Муҳоҷирони тоҷику қирғиз баъди занозанӣ оштӣ карданд"

Дар ин муноқиша аз ҳарду тараф 9 нафар захмӣ шуд

Вазъи чаҳор муҳоҷири тоҷике, ки рӯзи 23-уми июн дар занозанӣ бо муҳоҷирони қирғиз дар Иркутск маҷрӯҳ шуда буданд, хуб арзёбӣ мешавад.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикон, ки ба аёдати муҳоҷирон рафтааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз дасту пояшон ҷароҳат бардоштаанд ва пас аз даҳ рӯзи дигар аз беморхона рухсат мешаванд.

Садҳо муҳоҷири тоҷику қирғиз дар корхонаи истихроҷи газ дар Иркутск рӯзи 23-уми июн занозанӣ карданд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин занозанӣ аз ду тараф нӯҳ нафар, чор тоҷик ва панҷ қирғиз маҷрӯҳ ва беш аз 30 нафар боздошт шудааст. Сабаби муноқишаро маишӣ номидаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар хабарномае гуфт, дар ин занозанӣ бештар аз 500 кас иштирок кардааст. Сафорати Қирғизистон дар Русия гуфт, дар ин ҳодиса 5 қирғизистонӣ ҷароҳат бардоштаанд, ки як тани онҳо бистарӣ шудааст.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикон мегӯяд, пас аз муноқиша ва пеш аз иди Қурбон тоҷикону қирғизҳо бо ҳам оштӣ кардаанд ва миёни ҳам қавл додаанд, ки дигар ба муноқиша роҳ нахоҳанд дод.

Дар корхонаи истихроҷи газ дар Иркутск беш аз ҳазор муҳоҷир кор мекунад, ки аксарашон тоҷику қирғизҳоянд.

Матбуоти Русия хабар додаанд, ки ҳодисаро мақомот тафтиш доранд, влае ҳанӯз расман хулосаи он эълон нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки миёни зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия занозанӣ рух медиҳад. Пештар ҳам миёни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия муноқишаҳо рух дода буд.