Дар соли 2022 дар зиндонҳои Тоҷикистон, ки зери итоати Вазорати адлия аст, 61 нафар бар асари беморӣ ҷон додаанд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар гузорише сабаби марги онҳоро "бемориҳои гуногун" номида, вале аз касалии мушаххасе ном нагирифтааст.
Гузориш дар аввали имсол омода шуда, Радиои Озодӣ онро ба тозагӣ дид.
Дар бахши дигари гузориш гуфтаанд, ки то моҳи январи соли 2023 дар зиндонҳои Тоҷикистон 296 мубталои вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ-ро сабт карданд. Ин рақам дар соли 2021 ба 215 нафар баробар будааст.
"45 маҳкумшудаи гирифтори бемории сил сабт ва ба табобат фаро гирифта шудаанд," -- гуфта шудааст дар гузориши Омбудсмени Тоҷикистон.
Дар гузашта чанде аз намояндагони мухолифони ҳукумат шикоят доштанд, ки наздикони зиндонии онҳо аз бемориҳои гуногун, аз ҷумла фишору қалбу қанд диабет азоб мекашанд, вале ба доруву дармони кофӣ дастрасӣ надоранд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфтааст, "ҳарчанд дорувор аз ҳисоби буҷет ва суратҳисоби махсус харида ва барои табобати маҳкумшудаҳо истифода мешавад, вазъи таъминоти тиббиву санитарии маҳкумшудаҳо боз ҳам беҳбудиро тақозо менамояд."