Дар Русия, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, намози Иди Қурбон зери чораҳои сахти амниятӣ баргузор шуд.
Пас аз ошӯби гурӯҳи ҳарбии "Вагнер" дар рӯзи 23-юми июн ин чорабинии нахустини оммавии мусулмонон дар Русия буд. Дар баъзе аз шаҳрҳо ба муҳоҷирон коре надоштанд, аммо дар баъзе аз минтақаҳои дигар иди муҳоҷирон бо боздошт анҷомид.
Муфтиёти Русия гуфт, намози ид тибқи нақша дар масҷидҳои пойтахт доир шуда, ҳамзамон дар 55 мавзеи дигари вилояти Маскав барои намозгузорон шароит фароҳам оварданд.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ бо фиристодани наворҳо аз ҷараёни баргузории намози ид гуфтанд, теъдоде ҳам бинобар нарасидани ҷой рӯйи замин дар кӯчаҳои атроф ибодат карданд. Ба иттилои муҳоҷирон, намозгузорӣ зери назари маъмурони зиёди пулис сурат гирифт.
Аз ҷумла, дар наворе мошинҳои зиёди кормандони пулис дар шаҳри Екатеренбург дида шуд. Дар назди масҷиде дар шаҳри Санкт-Петербург чораҳои амниятӣ сахт буд, аммо ба қавли муаллифи видео “намозгузорӣ бе мушкилот ва тафтиш гузашт”.
Чанд рӯз пеш дар як корхонаи истихроҷи гази табиӣ дар вилояти Иркутск занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷику қирғиз сурат гирифт, ки ба маҷрӯҳ шудану боздошт гардидани теъдоди аз онҳо боис гардид.
Корбаре аз Иркутск видео фиристод ва гуфт, муҳоҷирони ду кишвар паҳлӯи ҳам намоз гузоштаву баъд аз поёни ёфтани ибодат ба манзили ҳамдигар меҳмон шудаанд.
Азизбек Ашӯров, муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Нижневартовск, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба амалиёти ду моҳи охир то андозае аз рафтан ба намози ид ҳарос дошт.
Барои садҳо муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав адои намоз дарди сар овард. Яке аз мусоҳибони мо мегӯяд, бинобар дар масофаи дуртар будани масҷид ва ҳам аз бими тафтишҳои пулис намозро дар варзишгоҳ хонданд ва ибодат бо кашокаш бо пулис анҷом ёфт.
Ба ин монанд гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Можайский рӯзи идро дар шуъбаи пулис гузаронданд. Онҳоро, ки баъд аз хондани намоз бо мошин бармегаштанд, кормандони пулис доштаву барои санҷиши ҳуҷҷатҳо бурданд.
Дар Русия миллионҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон кор мекунанд. Бисёре аз онҳо рӯзи ид барои ибодат мераванд ва ин шикоят ҳам зиёд аст, ки маҳз дар ин рӯз маъмурони милисаи Русия баъзе аз онҳоро барои надоштани санад боздошт мекунанд.
Иди Қурбони имсола дар шароите баргузор шуд, ки ду моҳ инҷониб дар гӯшаҳои гуногуни Русия рейдҳои сартосарӣ идома доранд. Рӯзи 24-уми июн дар пайи ошӯби гурӯҳи зархаридони “Вагнер” дар пойтахти Русия ва минтақа амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шуда буд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад