Рӯзи 28-уми июн мусалмонони Тоҷикистон Иди Қурбон (Азҳо)-ро ҷашн мегиранд. Забҳи чорво барои одамони доро яке аз бахшҳои асосии ин ҷашн ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин дар арафаи Иди Қурбон талабот ба чорво якбора зиёд шуда, нархҳо ҳам дар бозор боло меравад.
Бозорҳои фурӯши чорво дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар дараи Ромит ин шабу рӯз серодам аст. Чорводорон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар моли худро ба инҷо меоранд. Бузу гӯсфанд, гов ва ҳатто шутур низ барои харидорон пешниҳод мешавад.
Чорводорон мегӯянд, имсол нарх назар ба соли гузашта чандон боло нарафтааст. Ҳоҷиҳикмат Шарифов, сокини ноҳияи Рудакӣ, ки чанд сар гову гӯсфандро вориди бозор кардааст, мегӯяд, "мол ба бозор бисёр ворид шудааст, нарх низ арзон аст. Соли гузашта харидор зиёд буд, имсол камтар аст, Шояд имсол мардум пул кам доранд."
Мушоҳидаи мо нишон дод, ки арзиши як гӯсфанди қурбонӣ дар Тоҷикистон аз 1500 то 3500 сомонӣ аст. Як гов вобаста ба вазнаш аз 5 то 20 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Нархи буз нисбатан арзонтар будааст.
Гузориши видеоиро инҷо бинед:
Дар ҳоле, ки фурӯшандаҳо мегӯянд, нархи чорво назар ба соли гузашта чандон тағйир наёфтааст, харидорон аз болои рафтани нарх шикоят доранд. Баҳром Собиров, сокини шаҳри Норак барои қурбонӣ бо арзиши 1400 сомонӣ буз харидааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ пештар нархи як буз 800-900 буд.
Қурбонӣ аз суннатҳоест, ки мусалмонон дар рӯзи Иди Қурбон пас аз анҷоми намоз иҷро мекунанд. Аксари онҳое, ки ин маросимро иҷро мекунанд мегӯянд, аз рӯйи эътиқод ва шароит ин суннати Иди Қурбонро анҷом медиҳанд. Вале намояндагони Шӯрои уламо мегӯянд, бархе аз рӯи сабқат ва ҳавас мехоҳанд қурбонӣ кунанд.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори раёсати фатвои Шӯрои уламо ба Радиои Озодӣ гуфт, афроде бояд қурбонӣ кунанд, ки "ба андозаи нисоби закот пасандоз ё ашё дошта бошанд." Ҳисоби закот мувофиқи қарори Шурои уламо имсол 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
"Ба ин андоза агар маблағи нақд ё пасандоз дошта бошад, хонаҳои зиёдӣ ё мошинҳо дошта бошад, он нафар метавонад қурбонӣ мекунад. Қурбонӣ албатта аз рӯи эътиқод мешавад, на аз руи ҳавову ҳавас. Аз се як ҳиссаи гӯшти қурбониро садақа кардан амри хуб аст. Боқимондаашро захира карда, ҳамроҳи оилаи худ истифода намоянд”.
Қурбонӣ кардан ё забҳи чорво дар рӯзи Иди қурбон на ба ҳама сокинони Тоҷикистон, ки маоши миёна аз 800 то 2000 сомонӣ маош аст, даст медиҳад. Онҳое, ки имкони қурбонӣ надоранд дастархон ороста, аз ҳамсояҳо ва наздикон пазироӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо аз ҷумла Иди Қурбон нархи маҳсулоти ниёзи аввал якбора боло меравад.
Шикояти сокинон аз гарон шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозор ин шабу рӯз зиёд аст. Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ҳар дафъа гузоштани масъулият ба дӯши тоҷирон дуруст нест. Баръакс, ин гуруҳ бовар доранд, ки даромаду маоши мардум барои зиндагии шоиста кофӣ нест ва бинобар ин як зарра афзудани нарх ба ҷайби мардум зарбаи сахте мезанад.
Гуфтугӯ