Дар Қирғизистон муҳлати таҳияи қонуни созмонҳои иҷтимоиро тамдид карданд

Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон муҳлати фаъолияти гуруҳи кории таҳияи қонун "Дар бораи созмонҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ"-ро тамдид кард. Ин фармонро Ҷабборов ҳанӯз 14 июн имзо кардааст.

Бино ба фармони нав, гуруҳи корӣ тарҳи ҳамоҳангшудаи қонунро бояд то 1 октябр муаррифӣ кунад. Пештар ин муҳлат 1 июн нишон дода шуда буд.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли 2022 дар дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфтанд, ки қонун "Дар бораи созмонҳои ғайридавлатии ғайритиҷорӣ" бояд ислоҳ карда шавад. Дар дастгоҳи президенти Қирғизистон он замон гуфта буданд, ки ба хотири "ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва таъмини амнияти ҷомеа, ҳифзи ахлоқ, тандурустии аҳолӣ, ҳисси миллӣ ва мазҳабии шаҳрвандон" ин қонун бояд ислоҳ шавад.

Бо ин тағйироту иловаҳо дар Қирғизистон мехоҳанд, мафҳуми "созмони хориҷии ғайридавлатӣ"-ро вориди қонунгузорӣ ва салоҳиятҳои давлатро барои назорати созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ густариш диҳанд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз ин тағйирот изҳори нигаронӣ ва аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки онҳоро қабул накунанд. Дар робита ба ин интиқодҳо дастгоҳи президенти Қирғизистон розӣ шуд, ки лоиҳаи қонунро дубора коркард кунад. Бо ин ҳадаф гуруҳи махсуси корӣ таъсис шудааст, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар он шомиланд.