Роҳбари ширкати хусусии низомии "Вагнер" Евгений Пригожин баъди хатми "роҳпаймоии адолат"-аш дар саҳифаҳои иҷтимоӣ пайдо ва барои матбуот изҳороти 11-дақиқаӣ дод. Маълум нест вай ин изҳоротро дар куҷо сабт карда ва худи вай дар куҷо қарор дорад.
Пригожин дар ин изҳорот мегӯяд, "Вагнер" танҳо аз манфиатҳои Русия ҳимоят мекунад ва дар ҷанги Украина ба пешравиҳое даст ёфтааст. Аммо "дар натиҷаи дасисаву тасмимҳои носанҷида, "Вагнер" мебоист, 1 июл пароканда шавад".
Фармондеҳон ва тақрибан касе аз ҷангҷӯён розӣ нашуд, ки бо вазорати мудофиаи Русия шартнома имзо кунад. Зеро бовар доранд, ки ин тасмим боиси аз даст додани зарфияти ҷангӣ мешавад. Аммо онҳо тасмим доштанд, агар қарори вазорат тағйир наёбад, рӯзи 30 июн ба Ростови лаби Дон мебароянд ва ҳама таҷҳизоти ҷангиро ба ихтиёри вазорати мудофиа мегузоранд.
Сарфи назар аз ин, ба гуфтаи Пригожин, ба мавзеъҳои "Вагнер" мушак партофта шуд ва ба илова аз чархболҳои вазорати мудофиа зарба зада шуд. Наздики 30 ҷангҷӯ кушта шуд. Шӯрои фармондеҳони "Вагнер" тасмим гирифт, ки фавран "роҳпаймоии адолат"-ро роҳандозӣ кунад.
Ин роҳпаймоии 24 соат идома кард. Як қисми корвони низомии Пригожин вориди Ростови лаби Дон шуд, дигарӣ ба сӯи Маскав ҳаракат кард. Ҷангҷӯёни "Вагнер" дар як шабонарӯз 780 км пеш рафтанд ва тақрибан дар роҳи худ монеаи надиданд. Пригожин мегӯяд, ҷангҷӯёни вай дар замин ҳеч сарбози русро накуштаанд. Вай бо таассуф гуфт, ки маҷбур шуданд чанд чархбол ва ҳавопайморо ҳадаф қарор диҳанд.
Ба гуфтаи Пригожин, ҷангҷӯёни вай "замоне аз роҳашон гаштанд, ки дигар рушан шуд, хуни зиёде рехта хоҳад шуд. Ба ин бовар расидем, ки намоиши ончи мо мехостем, анҷом диҳем, ба он расидем". Вай бори дигар илова кард, ки корвони низомии "Вагнер" "ба хотири он роҳпаймоӣ кард, ки эътирози худро расонад, на ҳукуматро сарнагун созад".