Дар шаҳри Маскав ва вилояти Воронеж амалиёти зиддитеррористиро бекор карданд. Ин амалиёт дар робита ба ошӯби ширкати хусусии низомии "Вагнер" рӯзи шанбе эълом шуда буд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав бо эъломи бекорсозии амалиёт гуфт, чорабинии хатми мактаби хонандагон рӯзи 1-уми июл баргузор хоҳад шуд. Ин чорабиниро пештар бекор карда буданд.
Дар ҳолати амалиёти зиддитеррористӣ маҳдудиятҳое, аз ҷумла эҳтимоли бастани кӯчаҳо, кофтукоби воситаҳои нақлиёт дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Маскав се пули болои дарёи Оку баста ва дар роҳҳои самти Маскав постгоҳ гузошта шуда буд.
Мақомоти вилояти Воронеж низ дар бораи бекорсозии амалиёти зиддитеррористӣ хабар доданд.