Шикояти муҳоҷирони қирғиз аз санҷишҳои сартосарӣ дар Маскав

Муҳоҷирони қирғиз дар Украина.

Намояндаи иттифоқи муҳоҷирони Қирғизистон дар Русия Акбар Розиқулов гуфт, ки дар Москва санҷишҳои сартосарӣ идома доранд.

Ба гуфтаи вай, муҳоҷиронро дар кӯча нигаҳ медоранд ва бидуни тафтиши санадҳояшон ба идораҳои пулис мебаранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ навори лаҳзаҳои боздошти муҳоҷирон аз сӯи пулис нашр шудааст.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки дар Русия амалиёти "Нелегал-2023" шуруъ шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, марҳилаи аввали амалиёт аз 19 то 25 июн ва марҳилаи дувуми он аз 2 то 8 октябр баргузор хоҳад шуд.

Соли 2022 мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ки расман 1 млн 118 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар хориҷ муваққатан истиқомат ва кор мекунанд. Бештарин онҳо - 1 млн 63 ҳазор - дар Русия ҳастанд.