Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон ҷасади муовини сардори пулиси ноҳияи Зерендинро пайдо карданд.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҷасади Турор Дуйсембин субҳи 25 июн пайдо шудааст.
Дар бораи нопадид шудани Дуйсембин 23 июн хабар расида буд. Вай рӯзи 20 июн аз хонааш баромада, бедарак шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар ҷасади вай нишонаҳои марги маҷбурӣ ошкор нашудааст. Мақомот тафтишро шуруъ кардаанд.