Раҳбари Толибон дар Афғонистон рӯзи 25-уми июн дар як паёме иддао кардааст, ки ҳукумати ин гурӯҳ барои беҳбудии зиндагии занон дар ин кишвар иқдомоти лозимиро анҷом хоҳад дод.
Дар навиштае, ки расонаҳои наздик ба Толибон онро мансуб ба Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии Толибон, медонанд, шарҳ дода нашудааст, ки барои беҳбудии зиндагии занон мушаххасан чӣ корҳое анҷом хоҳад шуд.
Соли 2021 Толибон Афғонистонро тасарруф карданд ва занонро аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум сохтанд.
Ҳукумати Толибонро то кунун ҳеч кишваре ба расмият нашинохтааст ва яке аз шартҳои ба расмият шинохтани ин гурӯҳ ҳаққи кору таҳсил додан ба занон аст.
Бо гузашти ду сол Толибон ҳеч иқдоми амалие дар самти беҳбуди зиндагии занон дар Афғонистон анҷом надодаанд.