Аз сокинони Маскав хостаанд, ба гирду атроф нараванд

Маскав

Шаҳрдори Маскав аз сокинон хост, аз сафар ба гирду атрофи пойтахти Русия худдорӣ кунанд.

Сергей Собянин гуфт, мақомот роҳҳои даромадани нерӯҳои “Вагнер”-ро ба марказ хоҳанд баст.

Дар Маскав ба маъмурони амниятӣ ҳақ додаанд, ки ҳарчи бештар одамон ва нақлиётро тафтиш кунанд.

Собянин ҳамзамон гуфт, барои "кам кардани хатар" эҳтимол рӯзи душанбе рӯзи ғайрикорӣ эълон шавад.

Вай вазъиятро "душвор" номид.

Ҳазорон сарбози гурӯҳи “Вагнер” аз Ростови лаби Дон ба сӯи Маскав равона шудаанд.

Онҳо, ки қаблан аз тарафи Русия дар Украина меҷангиданд, шаби 23-юми июн шаҳри калидии Русияро дар ҷануб ишғол карданд.