Як мақомдори рус силсилаи кушторҳоро ба дӯш гирифтааст

Бинои ҳукумати Алтай

Як мақомдори Русия дар вилояти Алтай эътироф кардааст, ки зиёда аз 20 сол пеш панҷ духтари ҷавонро кушта буд. Саҳифаи Baza дар Телеграм дар ин бора хабар дод.

Ба зидди муовини раиси маъмурияти ноҳияи Калмани вилояти Алтай Виталий Манишин рӯзи 21-уми июн иттиҳом эълон шуд.

Ба навиштаи манбаъ, муфаттишон гуфтаанд, асрори қатли занҳо ошкор шуд ва бо ҳамин парвандаи "маняки барнаулӣ"-ро мебанданд.

Виталий Манишин иқрор шудааст, ки кушторҳоро дар соли 2000-ум содир карда буд. Он замон панҷ духтаре, ки нияти дохил шудан ба донишгоҳро доштанд, дар давоми се моҳ нопадид шуданд.

Манишин соли 2000-ум дар ноҳия ба ҳайси духтури ҷонварон ё ветеринар кор мекард ва ҷасади духтарони кушташуда ҳам ҳамон ҷо ёфт шуд.

Дертар ӯ ба ҳукумати ноҳия ба кор гузашт. То моҳи марти соли 2023 муовини раиси маъмурияти ноҳияи Калман дар бахши хоҷагию коммуналӣ, сохтмон ва газ буд.