Мактаби рақами 71 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтааст.
Ба иттилои корбарони Радиои Озодӣ, ҳодиса шоми 22-юми июн рӯй дод.
Сабаби сӯхтор дақиқ нест.
Мақомот расман дар ин бора хабар надоданд.
Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани чанд навор гуфтанд, ки алангаи оташ баланд аст ва маъмурони оташнишонӣ ба сахтӣ онро хомӯш мекунанд.