Як сокини шаҳри Душанбе аз мақомот хостааст, ки назорату тарбияи писарони хурдсолашро расман дар ихтиёри ӯ бигузоранд.
Бахтиннисо Иззатуллоева мегӯяд, соле пеш аз шавҳар ҷудо шуд ва ду писарро дар ихтиёри амаку бибияш гузошту ба Русия рафт. "Вале ба ҷойи меҳрубонӣ азияту латукӯб кардаанд," – даъво дорад ӯ. Ҷониби дигар мегӯяд, "яке аз кӯдакон беодоб аст".
Видеои задани ноболиғе дар Душанбе моҳи июни имсол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боис ба вокунишҳои зиёду тунд шуд. Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, ба гуноҳи задани ноболиғ Ширин Аламовро дастгир карда, 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифтанд. Модараш мегӯяд, ӯ дар озодист.
“Гуфтанд, ки гуё масхара кардааст, вале...”
Бахтиннисо Иззатуллоева тақрибан дувоздаҳ сол пеш бо шавҳараш бар пояи никоҳи мусулмонӣ издивоҷ кард ва соҳиби ду писар шуд. Пас аз ҷудоӣ аз шавҳар дар соли 2022 ба умеди кору даромад ба Русия рафт ва ду писарашро дар хонаводаи шавҳари собиқ гузошт. Навори латукӯби яке аз онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дид ва аз муҳоҷират баргашт.
"Мехоҳам, ки онҳоро худам калон кунам. Аз аввал дар тарбияи худам буданд. Мехостам, барвақттар билет гираму аз Русия баргардам. Ба назди писаронам биёям. Хушдоманам гуфт, ки ҳама тинҷ аст, коратро идома деҳ," – нақл кард Бахтиннисо Изатуллоева. Суҳбати мо бо ӯ рӯзи 19-уми июн сабт шуд.
Ҳоло ӯ ба Додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардааст, ки латукӯби писарашро одилона таҳқиқ кунанд. “Гуфтанд, ки писарам гуё амакашро масхара кардааст. Кӯдак мегӯяд, коре накарда. Бибияш гуфтааст, агар касе пурсид, бигӯяд, ки санг партофт. Амакаш одами солим аст, панҷ вақт намоз мехонад, як духтар дорад,” – идома дод зан.
Мо барои дақиқ кардани ҳодиса рӯзи 19-уми июн ба Ширин Аламов тамос гирифтем. Ӯ салому саволи моро шунид, вале сабаби латукӯби бародарзодаашро шарҳ надод. Ҳамчунин нагуфт, ки кай аз боздошт раҳо шудааст. Гӯширо гузошт.
Дар Раёсати корҳои дохилии пойтахт гуфтанд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд, вале парванда боз нашудааст. Дар бораи “пеш аз муҳлат” аз боздошт раҳо шудани Ширин Аламов низ чизе нагуфтанд.
"7 моҳи охир фарзандонро суроғ намекард"
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми июн ба манзили Ширин Аламов рафтанд, вале ӯро наёфтанд. Зумрад Баёдова, модари Ширин Аламов ва бибии ноболиғи латукӯбшуда гуфт, писараш панҷ рӯз дар боздошт буд ва ҳоло дар “ҳабси хонагист”.
Ин зан иддао кард, ки келин набераҳоро дар тарбияи онҳо гузошту ба Русия рафт, вале ҳафт моҳи охир фарзандонро суроғ намекард. Ба нақли ҳамсуҳбати мо, “нописандӣ”-и набераи ноболиғаш боис шудааст, ки амакаш ӯро занад.
“Агар зада бошад, қонун аст, ҷазояшро мегирад. Аммо бача беадаб аст, то ҳадде, ки ҳар рӯз чанд нафар ба сари ман меояд. Худам ҳамонҷо будам, сахт назадааст. Модараш кӯдаконро ҳафт моҳ дар назди ман монда рафт, ҳоло боз даъво дорад. Падарашон ҳам дар Русия аст,” – нақл кард ӯ.
Модари ноболиғ мегӯяд, баъд аз ҷудоӣ аз шавҳар ҷойи зист надошт ва хушдоманаш ба ӯ маслиҳат додааст, ки кӯдаконро дар тарбияи онҳо гузошта, барои кор ба Русия равад.
Ба ин тартиб, сабаби латукӯби ноболиғро ҷонибҳо ба таври худ шарҳ медиҳанд. Осори латукӯб ҳанӯз дар бадани ӯ боқист. Модараш мегӯяд, писараш ба равоншинос ниёз дорад. "То имрӯз маблағ надоштам, ки ӯро табобат кунам. Маошамро мунтазир ҳастам," – мегӯяд ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чунин рӯйдодҳо ҳар чанд вақт расонаӣ шуда, таваҷҷуҳи мақомоту ҷомеаро барои муддате ба худ мекашанду дубора ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Кӯдакон мемонанду мушкилашон. Созмонҳои иҷтимоӣ мегуянд, наврасон аксаран замоне ба хушунат дар оила дучор мешаванд, ки падару модар бо ҳам муноқиша доранд ё дар ҳоли ҷудо шудан ҳастанд.
Бар асоси омори расмӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ гардидаанду дигарон ҷарима пардохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон рафтори онҳоро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.
Бо вуҷуди танқидҳо аз нақзи ҳуқуқи кӯдак ва нигарониҳо аз озору азияти ноболиғон, мақомот дар изҳороти расмии худ аз пешравӣ дар роҳи пешгирӣ ин мушкил гузориш медиҳанд. Баъзе аз намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ташаббусҳои мақомотро нокофӣ медонанд.