Тӯфони чангу ғубор ҳафтаи равон дар 3 вилоят ва пойтахти Узбекистон мушоҳида шуда, ҳарорати ҳаво дар ин кишвар то ба 42-44 дараҷа гарм шудааст.
Вазорати энержии Узбекистон хабар дод, ки дар натиҷаи тӯфони чангу ғубор беш аз 50 ҳазор сокини вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, ва Самарқанд бе барқ монданд.
Масъулони вазорат гуфтанд, интиқоли нерӯи барқ ба далели бехатарӣ қатъ карда шуд.
Тӯфони чангу ғубор солҳои охир дар Узбекистон дар фасли баҳору тобистон бештар мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон, дар натиҷаи гармшавии иқлим раванди биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар Узбекистон якбора суръат гирифтааст.