Дабири кулли СММ хостааст, содироти гандуми Украина идома ёбад

Антонио Гутерреш

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, даъват кардааст, ки содироти гандуми Украина тавассути Баҳри Сиёҳ бештар шавад.

Аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 бандарҳои украинӣ дар Баҳри Сиёҳ зери муҳосираи нерӯҳои Русия қарор гирифтанду содироти гандум тақрибан бас шуда буд.

Сипас ҷонибҳо бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ба созиш расида, содироти гандуми украиниро иҷозат доданд.

Муҳлати созиш 17-уми июли имсол ба анҷом мерасад.

Муовини сухангӯйи СММ Фарҳон Ҳақ мегӯяд, дабири кул даъват кардааст, ки музокирот идома ёфта, содироти бе танаффуси гандуми украинӣ таъмин шавад.