Иди Қурбон (Азҳо), яке аз ду иди мусулмонон, рӯзи 28-уми июн дар Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи 21-уми июн гуфт, тасмимро бар асоси "ҳисоби илмӣ" гирифт.
Ба иттилои маҷаллаи "Дин ва ҷомеа", нашрияи расмии Кумитаи дин, намози идро соати шаши субҳ мехонанд.
Ҳамзамон Шӯрои уламо имомхатибонро масъул кардааст, ки дар мавъизаҳои худ дар бораи пуштибонӣ аз ятимону бепарасторон, пешгирӣ аз исрофкорӣ ва назорати кӯдакону наврасон ҳангоми "идгардак" суҳбат кунанд.
Дар идҳои гузашта мақомот монеи идгардаки кӯдакон шуда, барои густурдани дасторхони калону бодабдаба ҷарима таъйин карда буданд.
Иди Қурбон солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ аст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону дидани хешутабор мераванд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд сол пеш ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯйи фарҳанги ғайримоддӣ Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар кишвар дохил карда буд.