Ҷасади чаҳор шаҳрванди Туркманистонро дар шаҳри Измири Туркия аз яхдон пайдо карданд. Дар робита ба куштори онҳо марде дар шаҳри Чашмаи ин кишвар боздошт шудааст.
Ҷасади модару ду духтар - Гулқамар Хонумова, Лайлӣ, Лочин ва ҷавонписар Р.Н.-ро 18-уми июн аз як хона дар ноҳияи Байрақлии Измир пайдо карданд.
Нашрияи туркии "Milliyet" иттилоъ додааст, ки наздикони шаҳрвандони Туркманисон ба пулис муроҷиат карда, гуфтаанд, дер боз наметавонанд бо онҳо тамос гиранд.
Дар куштори туркманистониҳо як ҳамватани дигари онҳо гумонбар аст. Ӯ дар шаҳри Чашма дастгир шудааст. Зоҳиран марди боздоштшуда дӯстписари модари духтарон будааст.