Президенти Амрико Ҷо Байден гуфтааст, таҳдиди содир шудани фармони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои истифода аз силоҳи тактикии ҳастаӣ дар ҷараёни ҷанг алайҳи Украина "воқеӣ" мебошад.
Байден дар ин бора рӯзи 19-уми июн дар мулоқот бо сарпарастони маъракаи интихоботияш дар иёлати Калифорния изҳори назар кардааст.
"Вақте ду сол пеш гуфтам, нигаронам, ки рӯдхонаи Колорадо хушк мешавад, ҳама ба ман монанди девона нигоҳ карданд. Вақте гуфтам, нигаронам, ки Путин метавонад силоҳи тактикии ҳастаиро истифода кунад, ҳамингуна нигоҳ карданд, аммо ин воқеӣ аст", - иқтибос овардааст хабаргузории Reuters аз суханони Байден.
Президенти Амрико мушаххас нагуфт, ки хулосаи ӯ дар бораи эҳтимоли истифода шудани силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Русия бар асоси кадом маълумот аст.
Пештар мақомоти низомӣ ва маъмурияти Амрико борҳо гуфта буданд, ки нишонаҳоеро дар бораи омодагии Русия ба зарбаи ҳастаӣ намебинанд.
Як қатор коршиносони ғарбӣ изҳори ташвиш мекунанд, ки Русия эҳтимол дар сурати нокомияш дар ҷанги Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода барад.