Ба консерти Григорий Лепс дар Қазоқистон иҷозат надоданд

Григорий Лепс

Ширкати "Makao Luxury Village Resort", ки толори худро барои ҳунарнамоии сарояндаи рус Григорий Лепс пешниҳод карда буд, рӯзи 19-уми июн гуфт, тасмим гирифтааст, қарордодро бо созмондиҳандагони консерт якҷониба қатъ кунад.

"Makao Luxury Village Resort" дар ин бора дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм иттилоъ дод.

"Субҳ ман ва фаъоли маданӣ Канат Турдалиев дар робита ба ин масъала бо раҳбарияти вилояти Алмато мулоқот карда, хостем, талаби мардум иҷро шавад ва вазъ бадтар нашавад. Консерт намешавад ва Лепс ҳам намеояд", - гуфтааст вакили маҷлиси шаҳрии Алмато Еркин Ракишев.

Қарор буд, консерти сарояндаи рус моҳи июли имсол дар шаҳри Конаеви вилояти Алматои Қазоқистон баргузор шавад.

Хабари баргузории консерти сарояндаи рус дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон баҳсҳои тундеро ба миён овард. Бештари онҳо ба баргузории консерти ҳунарманде, ки аз ҷанги Русия ба зидди Украина пуштибонӣ мекунад, эътироз карда буданд.