Дар Гурҷистон як рӯзноманигори қазоқ кушта шудааст

Намое аз шаҳри Тбилисӣ.

Намое аз шаҳри Тбилисӣ.

Рӯзноманигори қазоқистонӣ Жанбота Толеген дар Гурҷистон кушта шудааст.

Дар ин бора рӯзноманигор Назира Даримбет дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Дар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ва Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон кушта шудани Толегенро тасдиқ карданд.

"Ҳамсабақони Жанбота хабар доданд, ки ӯ 21-уми май дар шаҳри Телавии Гурҷистон кушта шудааст", - навишт Даримбет.

Ӯ афзуда, ки бо Толеген дар доираи тарҳе ҳамкорӣ мекард ва бори охир 19-уми майи имсол суҳбат карда буд.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон 24-уми майи имсол хабар дода, ки пулиси Кахетия шаҳрванд Г. Х.-ро ба гумони куштори барқасдона дастгир кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, Г. Х. дар пайи як баҳс шаҳрванди хориҷӣ ва шиноси деринаи худ Ж.Т.-ро ба қатл расондааст.