Як мард дар Самарқанд баъди баҳс бо ҳамсар се кӯдакашро кушт

Як мард дар Самарқанд пас аз баҳси телефонӣ бо ҳамсараш, ки дар Исроил кор мекунад, ду духтар ва писари худро бо зарби корд ба қатл расондааст.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, мард ба қафаси синаи худ ҳам корд задааст ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарист. Ному насаби мард оварда нашудааст.

Дар пайванд ба ҳодиса бар асоси банди "Куштори барқасдона" парванда кушодаанд.

Кӯдакони кушташуда 10, 12 ва 13-сола ҳастанд.