Дар вилояти Албурз дар Эрон пас аз нӯшидани шароби қочоқӣ 14 нафар ба ҳалокат расида, 120 кас бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона бурда шуданд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, корхонаи истеҳсоли маводи кимиёӣ ба ин афрод спирти техникиро фурӯхтааст.
Эҳтимол шумораи қурбониён афзоиш ёбад.
Пас аз инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон истеҳсол, фурӯш ва нӯшидани алкоҳол манъ аст. Барои ин кор ҷазо медиҳанд.
Бо ин ҳол, иддае ба нӯшидани шароб майл доранд ва бештар онро ба таври қочоқӣ ва дар бозори сиёҳ дастрас мекунанд.