Муовини вазири дифои Украина Анна Маляр гуфт, нерӯҳои ин кишвар деҳаи Пятихаткиро дар ҷануби вилояти Запарожйе аз дасти русҳо озод карданд.
Намояндаи Русия дар ин вилоят Владимир Рогов як рӯз пеш хабар дод, ки Пятихатки зери идораи неруҳои Украина қарор гирифтааст.
Вазорати дифои Русия субҳи якшанбе, 18-уми июн, гуфт, талоши нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои бозпасгирии як минтақаи аҳолинишин ноком буданд.
Маляр субҳи 19-уми июн дар Телеграм навишт, нерӯҳои Украина аз оғози ҳамлаҳои ҷавобии худ камаш ҳашт минтақаи аҳолинишинро, ки таҳти назорати русҳо қарор доштанд, бозпас гирифтаанд.
Ба гуфтаи Маляр, низомиёни Украина дар давоми ду ҳафтаи охир дар самти ҷанубӣ ҳафт километр пеш рафта, дар умум 113 километри мураббаъро озод сохтаанд.