Як зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ даргузаштааст.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Абдулло Шарифов аз ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 18-уми июн дар Макка ҷон дод ва субҳи 19-уми июн дар ҳамонҷо дафн шуд.
Ба иттилои дарёфтӣ, Шарифов гирифтори бемории дил будааст.
Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ шаш рӯз пеш барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистон рафта буд. Мақомот дар бораи даргузашти зоири тоҷик то ҳол расман хабар надодаанд.
Сафари зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ 10-уми июн оғоз шуда, то 20-уми июн давом мекунад.
Солҳои гузашта низ фавти зоирини тоҷик дар Саудӣ иттифоқ меафтод. Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, соли гузашта 7 нафар дар роҳ ба Умра даргузаштанд.
Имсол Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.