Дар Остона, пойтахти Қазоқистон, пас аз як амалиёт дар бонки "Kaspi" гаравгонҳоро аз дасти силоҳбадасти ношиносе озод кардаанд.
Матбуоти маҳаллӣ рӯзи 18-уми июн хабар дод, ки гӯиё гаравгонгир аз кормандони бонк талаби интиқоли пул ба чанд суратҳисобро карда, барои иҷрои ин се соат вақт дода будааст.
Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, ки гаравонгир боздошт шуд ва кормандони бонк аз чанги ӯ раҳо гардиданд.
Мақомот дар бораи шахсияти ин нафар ва ҳадафаш расман чизе нагуфтаанд.
Матбуоти маҳаллӣ гуфтааст, ки зоҳиран ин нафар аз бонк қарздор будааст.
Мақомоти қазоқ гуфтаанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.