Дар Андиҷон 12 мақомдорро барои шиканҷаи маргбори як боздоштшуда зиндонӣ карданд

Як хиёбони Андиҷон

Дар Узбекистон 12 корманди сохторҳои қудратӣ барои аз роҳи шиканҷа ба марг расонидани боздоштшуда ба зиндон маҳкум шуданд.

Мурофиа дар додгоҳи виляти Андиҷон барпо шуд ва бо қарори додгоҳ кормандони як шӯъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ барои шиканҷаву то марг расонидани Санҷарбек Мамаҷонов дар дохили боздоштгоҳ то чорсолӣ ба ҳабс маҳкум шуданд.

Дар миёни шаш нафари ба чорсолии зиндон маҳкумшуда навбатчии масъул ва нозирон мебошанд. Шаш нафари дигар, ки дар миёнашон раиси боздоштгоҳ низ ҳаст, сесолӣ ҳабс таъин шуд. Аксари онҳо баъди хатми мӯҳлати ҷазо якуним сол аз ҳақи кор дар сохторҳои қудратӣ маҳрум мешаванд.

Дар ҳоле, ки низомҳои судии Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар барои рӯйпӯш кардани қонуншиканиҳои ходимони ҳифзи қонун, шиканҷваву бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо танқид мешаванд, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукми 12 ходими полис дар Андиҷонро чун ҳамоно сабук ва номутобиқ ба ваҳшонияти содиркардаашон интиқод карданд.