Телевизиони Би Би Си ва расонаи мустақили “Медиазона”-и Русия дар як гузориши таҳқиқотӣ тасдиқи марги бештар аз 25 ҳазор сарбози рус дар Украинаро пайдо кардаанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки аз миёни 25258 нафаре, ки хабари маргашон собит шудааст, бештар аз 2150 нафари онҳо афсарони артиши Русия ва дигар сохторҳои қудратӣ будаанд.
Дар гузориш, ки рӯзи 16-уми июн нашр шуд, аз марги 161 халабони низомӣ ҳам хабар додаанд. Дар гузориш омадааст, тасдиқи марги ҳазорон сарбози русро аз санадҳои расмӣ, паёмҳои хешовандонашон, иттилооти расмӣ ва шуморидани гӯри онҳо ба даст овардаанд.
Вазорати дифои Русия дар бораи талафоти сарбозони кишвар гузориш ва омори журналистонро шарҳ намедиҳад.