"Як кас ҷон бохт, чанд хона вайрон шуд". Зиёни боронҳои сахт дар Рашт

Борони шадид боис ба талафоти ҷонӣ, зиёни молӣ ва тахриби манзилу роҳҳои мошингард дар шарқи Тоҷикистон шудааст.

Навори видеоии фиристодаи сокинони деҳаи Нимич (Рашт) ба Радиои Озодӣ саҳнаҳои босуръат омадани оби зиёдро нишон медиҳад.

Генерал Ҷамшед Камолзода аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн гуфт, дар ин офати табиӣ як чӯпон аз ноҳияи Лахш ҷон додааст. Ҷасади ӯро пас аз ду рӯзи нопадид шудан дар чарогоҳи тобистона ёфтанд.

“Борони сахти рӯзи чоршанбе дар ҳудуди деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт ба 5 хона ва 3 сохтмони ёрирасон зарар расонд. Инчунин 20 қитъаи наздиҳавлигӣ ва 5 гектар майдони кишт зери об монд. Дар ин офати табиӣ сокинон сӣ чорвои хурду калонро аз даст доданд,” – гуфт ӯ.

Рӯзи 14-уми июн ҳамчунин дар роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш, дар ҳудуди Арчакаппа, сел маҷрои дарёи Сурхобро тағйир дод. Дар натиҷа, 350 метр роҳ шуста ва симҳои барқ корношоям шудаанд.