Мақомоти Қирғизистон намехоҳанд, Моргенштерн ҳунарнамоӣ кунад

Моргенштерн

Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон барои манъи ҳунарнамоии рэпсарои русиягӣ Моргенштерн дар шаҳри Бишкек "чораҷӯйӣ" мекунад.

Вазири фарҳанги он кишвар Олтинбек Мақсудов гуфт, "мо дар мавриди Моргенштерн кор карда истодаем. Вазифаҳо гузошта шудаанд. Мо бо роҳбари толоре гуфтугӯ кардем, ки ҳунарнамоӣ дар назар дошта шудааст. Нисбати Моргенштерн дар Русия парванда боз шудааст."

Ҳунарнамоии Моргенштерн рӯзҳои 23-24-уми июн дар бинои Bishkek Arena дар шаҳри Бишкек дар назар аст.

Ин рэпсароро дар Русия шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" кардаанд.

Аз тирамоҳи соли 2021 вай берун аз Русия зиндагӣ мекунад. Баъд аз шурӯи ҳамлаи Русия ба Украина вай зидди ин ҷанг баромад кардааст. Саҳифаҳои Моргенштернро дар YouTube бештар аз 12 миллион кас пайгирӣ мекунанд.