Президенти Чехия хоҳони назорати шаҳрвандони Русия шуд. ВИДЕО

Петр Павел, раиси ҷумҳурии Чехия. Идораи марказии Радиои Озодӣ, Прага, 14-уми июни 2023

Президенти Чехия гуфт, бояд ниҳодҳои амниятӣ шаҳрвандони Русияро дар кишварҳои ғарб таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд. Петр Павел инро баҳои амалҳои вайронгаронаи Русия дар Украина номид, ки русҳо бояд пардохт кунанд.

Дар суҳбати ихтисосӣ бо бахши украинии Радиои Озодӣ, рӯзи 14-уми июн, Петр Павел гуфт, мехоҳад, зарурати дохил шудани Украина ба НАТО ва ёрии дарозмуддат ба ин кишвар дар нишасти навбатии паймон баррасӣ шавад. Хабарнигори бахши украинаии Радиои Озодӣ аз президенти Чехия пурсид, ки оё музокироти сулҳ бо режими Путин имконпазир аст?

Петр Павел: "Самимона мегӯям, аз он хушҳол нестам, ки баъзе аз раҳбарони давлатҳои ғарбӣ дар бораи имкони мулоқот бо Путин гап мезананд. Ман, феълан, наметавонам тасаввур кунам, бо раҳбароне дидору гуфтугӯ хоҳам дошт, ки тақрибан ҳар рӯз дурӯғ мегӯянд, воқеиятро чаппа тасвир мекунанд ва метавонанд ба кишваре таҷовуз карда, онро ба ҷиноятҳояшон масъул шуморанд. Агар Шумо ба далелҳои ҷониби музокирот бовар накунед, чӣ гуна хоҳед тавонист, ба натиҷаҳои чунин музокирот эътимод дошта бошед? Вале умед дорам, бо таҳаввули ҳодисаҳо ва пешрафти амалиёти ҷавобии Украина дар ҷабҳаи набард, мавқеъгирии раҳбарони Русия ҳам тағйир меёбад ва онҳо ҳам эҳтимол ба музокироти созанда омода мешаванд. Ба ҳар ҳол, ҳозир мо ба он нуқта нарасидаем."

Радиои Озодӣ: Масъулияти ҷанги Украина бар дӯши кист? Путин? Кремл ё тамоми ҷомеаи Русия?

Петр Павел: “Ман зиёд шунидаам, ки ин ҷанги Путин аст, на ҷанги Русия. Аммо ин далел дуруст нест. Вақте мо дар ҷомеаи Русия мизони пуштибониро аз Путин мебинем. Вақте мебинем, ки чӣ қадар мардуми зиёд аз ӯ тарафдорӣ мекунанд ва ҳатто талаб доранд, ки ҷанг ба кишварҳои дигар тавсеа ёбад, мо бояд онро ҷанги Русия унвон диҳем.”

Радиои Озодӣ: Дар бораи ояндаи Русия чӣ назар доред? Оё кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Чехия бояд бо мухолифони ҳукумати Русия робитае барқарор кунанд? Ё ин муҳоҷирони дилшикаста дар сарнавишти минбаъдаи Русия саҳме нахоҳанд дошт?

Петр Павел: “Вақте вазъи Русияро таҳқиқ мекунем, мебинем, ки пуштибонҳои Путин ва ҷанг 75 ё 80 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. 20 дарсади дигар чӣ? Ман бовар дорам, ки на ҳамаи русҳо ба талафот, коҳиши сатҳи зиндагӣ, коҳиши ниёзмандиҳо, коҳиши имкони сафар ба хориҷа мувофиқанд. Ба ваҷҳи умум, чанд насли ояндаи русҳо бо мақоми кишвари барбарие, ки ҳозир бо ин ҷанг касб кардаанд, ҳамзистӣ хоҳанд дошт. Аз ин рӯ, доимо дар Русия афродеро метавон ёфт, ки ба робита бо давлатҳои ғарбӣ ва тағйир дар Русия ҳозиранд. Вақт зарур аст. Мо набояд кӯтоҳбин буда, Русияро дар инзивои комил қарор диҳем. Ҳар вақте ки мо фардеро омода ба баррасии сарнавишти ояндаи Русия дар шароити нав пайдо кардем, бояд аз ин имкон истифода барем."

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Петр Павел хостори назорати шаҳрвандони Русия шуд