Кайрат Ерлибек аз Шинҷон дар Қазоқистон "ҷой наёфт", ба Туркия рафт

Кайрат Ерлибек

Кайрат Ерлибек, қазоқтаборе аз Шинҷони Чин, ки натавонист дар Қазоқистон мақоми паноҳандагӣ гирад, ба Туркия рафтааст.

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи инсон Айна Шорманбоева хабар дод.

Кайрат Ерлибек пештар аз Қазоқистон ба Туркия парвоз карда буд. Вай шикоят дошт, ки ба ӯ иҷозаи убури марзро намедиҳанд.

Ба гуфтаи Шорманбоева, Ерлибек дар ниҳоят марзи Туркияро гузаштааст.

"Ҳоло мо дар ҷустуҷӯйи вакили мудофеъ ҳастем, ки ба гирифтани мақоми паноҳандагӣ ба Ерлибек мадад кунад", - гуфт Айна Шорманбоева.

Кайрат Ерлибек соли 1989 дар Шинҷон таваллуд шудааст. Вай соли 2009 аз Чин ба Қазоқистон кӯчида буд.

Ҳамаи ин солҳо натавонист, дар Қазоқистон мақоми паноҳандагӣ гирад.