Ду духтари як оилаи муҳоҷири тоҷик дар Русия ғарқ шудаанд

Як рӯдхона дар Русия

Ду духтари як оилаи муҳоҷири тоҷик дар ҳави Петергофи Русия ғарқ шудаанд.

Хабаргузории русии “Фонтанка” навиштааст, хоҳарони 12 ва 14 сола аз Тоҷикистон буда, бо хонаводаашон дар Русия зиндагӣ мекарданд.

Фоҷеа шоми 14- уми июн, замоне рух додааст, ки духтарон бо падар ба назди ин кӯл омада, вақте яке аз онҳо ғарқ мешавад, дигарӣ барои наҷоти хоҳараш худро ба об меандозад. Падар тавонистааст, духтари хурдияшро аз об берун орад, вале пизишкон натавонистанд, ӯро наҷот диҳанд. Духтари калонӣ ғарқ шудаст. Ҷасади ӯро сокинон ва наҷотбахшон аз об берун овардаанд.

Дар бораи хоҳарон аз оилаи муҳоҷири тоҷик маълумоти зиёд дода нашудааст. Аммо ба навиштаи расонаҳои Русия, Раёсати Кумитаи тафтишотии ноҳияи Петродворетс дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ҳодисаро чун “марг аз беэҳтиётӣ” таҳқиқ дорад. Маълум нест, ки парванда нисбати кӣ таҳия шудааст.

Ин банди қонун то 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.