Боздошти як муҳоҷири тоҷик ба гумони қатли депутати рус

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Русия як муҳоҷири тоҷикро ба гумони қатли депутати рус дастгир кардаанд.

Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 14-уми июн навишт, ки Алӣ Расулов аз Тоҷикистон ба қатли Александр Колодич, вакили маҷлиси минтақаи Ханти-Мансийск, муттаҳам аст.

Ҳодиса рӯзи 11 уми июн дар пайи як муноқиша дар шаҳраки Сосенскии Маскав сар задааст.

Муҳоҷири тоҷик аз иҷрои кори бепул саркашӣ карда, байни ӯ ва депутати рус ҷанҷол бархостааст.

Муфаттишон гуфтаанд, муҳоҷири тоҷик вакили русро бо чанд зарби корд кушта, ҳамсари ӯро, ки шоҳиди ҳодиса буд, захмӣ кард.

Назару мавқеи муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар робита ба ин иттиҳом дастрас нест.

#ozodisocial #радиоиозодӣ #муҳоҷир #хантимансийск #алӣ #расулов #тоҷикистон #депутат #колодич