Сарбозони рус дар Чернобил заҳролуд шудаанд. ВИДЕО

Чернобил

Кормандони нерӯгоҳи вайроншудаи Чернобил дар Украина мегӯянд, ки сарбозони рус, ки инҷоро ишғол карда буданд, аломатҳое аз заҳролудшавӣ аз таъсири радиатсия ё ташшашуъ доштаанд.

Онҳо мегӯянд, баъзе аз сарбозоне, ки бо вуҷуди ҳушдорҳо дар замини заҳролуд хандақу сангар меканданд, дар бадан обила доштанд ва қай мекарданд. Ҳангоми ақибнишинӣ аз нерӯгоҳ сарбозони рус 170 украинӣ, аз ҷумла нерӯҳои Горди миллиро асир гирифтанд, ки неругоҳро посбонӣ мекарданд.

Онҳо рӯзи 24-уми феврали соли 2022 Чернобилро гирифтанд. Бисёре аз коргарони украинӣ ва посбонон дар минтақаи мамнуъ дармонданд. Любов Зайденко, сокини Чернобил мегӯяд, “мо рӯзи 24-уми феврали соли 2022 аз садои таркиш бархостем. Хостем бо мошин инҷоро тарк кунем, вале пулро тарконданд. Барои ҳамин баргаштему мондем. Дар инҷо 270 кас буд.”

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарбозони рус дар Чернобил заҳролуд шудаанд

Нерӯҳои Русия огаҳӣ аз хатарнок будани маҳалро нодида гирифта, дар заминҳои бисёр заҳрогин хандақу сангар меканданд. Бо ин ҳол зери таъсири радиатсияи баланд мондаанд.

Людмила Козак, корманди нерӯгоҳи Чернобил гуфт: “Мо сарбозони русро, дидем, ки бо автобусҳо ба шаҳри Гомели Беларус бармегаштанд. Қай мекарданд ва обилаҳои калоне дар баданашон доштанд. Мо ба онҳо гуфтем, ки дар инҷо гаштан, нишастан ва ё дароз кашидан рӯи алаф манъ аст. Онҳо гӯш намедоданд, ҳарчӣ мехостанд, мекарданд. Гарду хоки бисёреро бардоштанд, радиатсия зиёд шуд. Мо ба онҳо гуфтем, худро бишӯянд, либосу кафшҳояшонро пок кунанд, аммо аҳамият намедоданд.”

Нерӯҳои Русия рӯзи 31-уми март аз Чернобил ақибнишинӣ карданд. Дар 36 рӯзи ишғолашон инҷоро тороҷ ва таҷҳизоти неругоҳро вайрон кардаанд.

Олександр Борсуков, корманди Маркази назорати радиатсия шоҳид будааст. Ӯ гуфт: “Мо дар инҷо сервери компютерҳоямонро нигаҳ медорем. Инҷо маълумот дар бораи сатҳи ташашшуъ дар минтақаи мамнӯъро ҷамъ меорем. Баъде, ки нерӯҳои Украина инҷоро гирифтанд, мо 11-уми апрел ба кор баргаштем. Тарснок буд. Ҳамачиро шикастаанд, серверро кандаанд. Онҳо шояд фикр кардаанд, ки мо инҷо силоҳи атомӣ месозем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гапҳои дурӯғ буд, ки мо силоҳи атомӣ ва ё биологӣ месозем.

Нерӯҳои Русия баъди тарки инҷо 170 украиниро асир гирифтаанд. Бисёре аз онҳоро ҳанӯз барнагардондаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Маскав ба нерӯгоҳи Запорожйе мутахассис фиристодаастУкраина: Бештари нерӯҳои русӣ аз нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил берун шуданд Нерӯи барқи нерӯгоҳи атомии Чернобилро қатъ кардаандҶанги Украина. Калонтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо бар асари ҳамлаи русҳо "оташ гирифт"Пайомадҳои таркиш дар нирӯгоҳи Чернобил ҳанӯз пойбарҷост