Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи барқи нерӯгоҳи атомии Чернобилро қатъ кардаанд


Ширкати украинии "Энергоатом" хабар дод, ки дар натиҷаи амалиёти ниёзомии Русия хатти баландшиддати нерӯгоҳи атомии Чернобил-Киев аз низоми энержӣ комилан қатъ гардидааст.

Ба илова, нерӯгоҳҳои дигари атомии Украина, ки аз сӯи низомиҳои Русия ғасб шудаанд, аз нерӯи барқ маҳрум гардидаанд.

"Дар анбори маводи атомии коркардшудаи 1-ум наздик ба 20 ҳазор бастаи маводи коркардшуда нигаҳдорӣ мешавад. Онҳо ба сардии доимӣ ниёз доранд, ки тавассути барқи доимӣ онро мешавад, таъмин кард. Агар барқ набошад, сардӣ ҳосил намешавад. Дар натиҷа ҳарорат бештар гардида, эҳтимоли берун рехтани маводи радиоактивӣ ба муҳити атроф мавҷуд мешавад. Шамол метавонад, абрҳои радиоактивиро ба минтақаҳои дигари Украина, Беларус, Русия ва Аврупо барад", - омадааст дар хабари ширкат.

Пештар аз ин ҳукумати Украина хабар дода буд, дар нерӯгоҳи атомии Чернобил, ки аз сӯи низомиҳои Русия ғасб шудааст, дар 14 рӯзи охир танҳо як гуруҳи коргарони иборат аз 250 нафар, бидуни истироҳат кор мекунанд. Русия иҷоза намедиҳад, ки коргарон иваз шаванд.

XS
SM
MD
LG