Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо блогерон ва хабарнигорони низомӣ рӯзи 13-уми июн гуфт, дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобии артиши Украина дар ҳафтаҳои ахир талафоти Русия даҳ маротиба камтар аз талафоти Украина будааст.
Бо ин вуҷуд рақаму омореро зикр накард. Танҳо гуфт, ки артиши Русия 54 тонкро аз даст дод.
Путин талафоти Украинаро 160 тонк ва бештар аз 360 зиреҳпӯш унвон кард. Вай гуфт, ин талафот "тақрибан 25-30% техникае аст, ки аз хориҷ ба Украина овардаанд".
Ин баёнияҳои Путин аз сӯи пажуҳишгарони мустақил тасдиқ нашудаанд. Муайян аст, ки Украина дар воқеъ дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ даҳҳо техникаро аз даст додааст (ҳамон гуна ки Русия техникаҳояшро аз даст додааст), аммо барои тасдиқи гуфтаҳои Путин ҳеч далеле мавҷуд нест.
Владимир Зеленский, президенти Украина, чанд рӯз пеш гуфт, талафоти бузург маҳз аз ҷониби Русия аст - "талафоте, ки ба мо даркор аст".