Дар ҷанҷоле дар Екатеринбург ду муҳоҷири тоҷик кушта шудаанд

Екатеринбург

Дар як муноқиша байни тоҷикон дар шаҳри Екатеринбург ду тоҷик кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳодиса соати сеи шаби 12-уми июни имсол дар назди мағозаи “Монетка” дар Екатеринбург рух дод.

Ба навиштаи нашрияи "Коммерсант", занозании гурӯҳӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон барои пули қарз сурат гирифтааст. Ба навиштаи расона, дар ҷараёни муноқиша "ду тоҷик кушта ва ду тоҷики дигар захмӣ шуданд".

Пулиси вилояти Свердловск кушта шудани ду нафарро тасдиқ карда, гуфтааст, муфаттишон аллакай шахсияти ҳардуро муайян кардаанд.

Аз кушташудаҳо Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода номбурда мешавад, ки ба гуфтаи пулис, аз зарбаи корд ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи пулис, гумонбарони ин ҷиноят баъд аз ҳодиса Русияро тарк кардаанд.

Фаррух Мирзоев, раиси ҷомеаи тоҷикони Урал, гуфтааст, ки онҳо аллакай дар Қазоқистон боздошт шудаанд, аммо мақомоти тафтишотӣ инро расман тасдиқ накардаанд.

Мирзоев ҳамчунин таъкид кардааст, ки инҷо ягон муноқишаи байни қавмҳо не, балки "разбори соф тоҷикӣ" будааст. "Омаданд, ки пули худро пас бигиранд. Аввал баҳси лафзӣ кардаанд ва дар ниҳоят кор ба кордкашӣ расидааст ва ду нафар кушта шуданд," -- гуфтааст ӯ.